Ҳамчуноне хабар дода будем, рӯзи 23 марти соли 2023 тахминан соати 16:00 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар ҳудуди деҳаи Вахши ҷамоати деҳоти Ваҳдати ин ноҳия як мошини тамғаи “Мерседес Бенс”, ки аз ҷониби як сокини 27-сола идора мешуд, бо сабабҳои номаълум ба канали ба номи Сталин сарозер шудаву ғарқ гаштааст.
Навбатдорони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон сари вақт ба ҷойи ҳодиса расиданд ва бо ёрии таҷҳизоти гидравликӣ мошини садамадида ва мусофирзани дохили онро берун оварданд. Хонуми мусофир бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхонаи ноҳиявӣ бистарӣ карда шуд.
Аммо ҷустуҷӯи ронанда бенатиҷа анҷом ёфта буд.
Рӯзи 24-уми марти соли равон, соати 10:55 дақиқаи вақти маҳаллӣ билохира наҷотдиҳандагон ва ғаввосони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ҷасади ронандаро дар масофаи 2,5 километр дуртар аз ҷойи ҳодиса, дар қаламрави деҳаи Гулисанги ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи Ҷомӣ пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.