23-юми марти соли 2023 соати 1:07 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази он 132 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 50 километр шимолу ғарб аз минтақаи Рашт, 30 километр шимолу ғарб аз ноҳияи Мастчоҳи кӯҳӣ буд.
Бино ба иттилои хадамоти геофизикии назди АМИТ қувваи заминларза дар маркази он 5-6 балл, минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил намуд.
Маротибаи дуюм соати 07:53 ба вақти маҳаллӣ замин такон хӯрд, ки маркази он 6-7 километрии деҳаи Палдораки ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мстчоҳ буд. Манбаъи ёдшуда хабар дод, ки қувваи заминларзаи дуюм дар маркази он 4,8 балл, дар умқи 40 километр 4 балл, дар шаҳри Душанбе 1-2 балл ва дар минтақаи Рашт 2 баллро ташкил намуд.
Бар асари офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷмҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода коммисияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда, ҳаҷми хисороти заминларза муайян карда мешавад.