Ҳалокати ронандаи мошини “Мерседес-Бенс”, ки дар садама оташ гирифта буд

18 марти соли 2023 тахминан соати 00:58 дақиқа ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар гардиши кӯчаи Зарнисори пойтахт садамаи мошин ба қайд гирифта шудааст.

Ба ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе фиристода шуданд.

Чун ба макони ҳодиса расиданд, диданд, ки ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс” аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба девори бетонии канори роҳ бархӯрдааст.

Дар натиҷа мошин дар ҷойи ҳодиса оташ гирифтааст ва ронанда ба ҳалокат расидааст. Сабаби ин ҳодиса суръати баланди ронандагӣ унвон шудааст.

Наҷотдиҳандагон якҷо бо кормандони Сарраёсати давлатии хадамоти зиддисӯхтори ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аввал алангаи оташро хомӯш карданд ва баъд паёмадҳои садамаро бартараф намуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як бори дигар ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки боло бурдани суръати ҳаракат дар роҳҳо ҳамеша паёмадҳои хатарнок дорад. Ҷони худ ва ҳамсафаронатонро дар хатар наяндозед.

ДОНИСТА БОШЕД, КИ ШУМОРО ДАР ХОНА ЗАНУ ФАРЗАНД, ПАДАРУ МОДАРОНАТОН  ИНТИЗОРАНД!

барчасп: