Ширкати генерал Рустам Назарзода дар Конфронси коҳиши хатар офатҳо дар шаҳри Сендай

Рустам Назарзода

Аз 10 то 12 марти соли 2023 дар шаҳри Сендай, (Ҷопон) конфронси Осиё оид ба коҳиши хатари офатҳо баргузор шуд. Дар кори конфронс роҳбарони хадамоти наҷоти 22 кишвари олам, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва донишмандон иштирок намуданд.

Дар ин ҳамоиш Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода иштирок ва суханронӣ намуд. 

Генерал Назарзода зимни суханронии худ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мушкилоти ҷаҳонии об ва сиёсати Ҳукумати кишвар оид ба масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо  ва ташаббусҳои Тоҷикистон дар ин самт ҷалб намуд.

Ширкаткунандагони конфронс якдилона ба қароре омаданд, ки бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди баргузории конфронси навбатӣ дар шаҳри Душанбе мувофиқат кунанд.

барчасп: