Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 10-уми марти соли 2023 дар роҳҳои мошингарди Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб хатари лағзиши тарма, оаммадани селҳо, ярч ва резиши санг боқӣ мемонад.
Дар ҳамин иртибот Кумита аз сокинон бо як ҷаҳон эҳтиром хоҳиш мекунад ҳангоми сафра бо роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд. Дар ин рӯзҳо ба хотири таъмини амнияту бехатрии худ аз рафтан ба кӯҳҳову доманакӯҳҳо, чорвочаронӣ, ҷамъоварии зироатҳое, ки дар кӯҳҳо мерӯянд, худдорӣ намоянд.
Ба бачаҳо бояд бештар таваҷҷуҳ намуд ва нагузоред, ки онҳо тани танҳо ҷое раванд, ҳамеша онҳоро зери назорат бигиред.
Кумита ҳамчунин моҳидорӣ дар назди кӯлу дарёҳоро ҳам маслиҳат намедиҳад.
Бо мақсади пешгирӣ аз селҳо ба аҳолӣ тавсия дода мешавад, ки сари вақт селроҳаҳо, каналу ҷӯйборҳои маҳалли истиқомати худро аз ҳар гуна хасу регу шағали ҷамъшуда тоза намоянд.
КҲФ ҳамчунин аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, бодиққат ахбори КҲФ, ВКД ва вазорати нақлиёти кишварро дар бораи вазъи роҳҳо пайгирӣ намоянд.