КҲФ: Заминларза ва резиши санг дар кишвар. Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест

Бино ба хабари Институти геология, биноҳои ба заминларза тобовар ва сейсмологияи АМИТ  9-уми марти соли равон соати 06:37 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин заминларза 366 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 90 километр ғарби ноҳияи Мурғоб дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.  

Қувваи зилзила дар маркази он 4 балл, дар ноҳияи Мурғоб 2 баллро ташкил дод.

Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест.

Ҳамчунин 9-уми марти соли равон соати 07:42 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар 472 километраи роҳи Душанбе-Ванҷ-Рӯшон, ки аз деҳаи Шипати ҷамоати деҳоти ба номи М.Абдулвосиеви ноҳияи Рӯшон мегузарад, резиши санг ба қайд гирифта шуд.

Дар айни замон барои бартараф намудани паёмадҳои ин сангрезиш корҳо идома доранд.

Талафоти ҷониву хисороти дигар нест. 

барчасп: