Таҷлили Рӯзи Модар дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар маҷлисгоҳи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он муовини аввали Раиси КҲФ, полковник Ҳотамшо Латифзода ҳамаи бонувони Кумитаро бахшида ба ин рӯз муборакбод кард.

Вай қайд намуд, ки Модар - зан ягона шахси меҳрубону ғамхор ва садоқатмандест, ки ба кӯдак ҳаёт мебахшад, ба сухан гуфтану қадами аввалин мегузорад, тарбият медиҳад ва дар ҷараёни таълиму тарбия дар рӯҳу қалби ӯ эҳсоси меҳру муҳаббат, самимият, мехрубонй ва инсондустй зоҳир мекунад.

Дар нишаст зумрае аз афсарон суханронӣ карданд ва иброз доштанд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама паёмҳову суханрониҳоди худ ба мақоми олии бонувон дар кишвар таъкид мекунанд ва аз ҳамагон мехоҳанд барои эҳтироми бонувону модарон талош намоянд. Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Пешвои муаззам ҳамвора барномаҳои зиёдеро татбиқ мекунад, ки нақши занонро дар идораи давлат боло барад. 

«Имрӯз дар ҷомеаи мутамаддини Тоҷикистон нақши зан хеле муҳим аст, онҳо дар тамоми сохторҳои идораи давлатӣ дар баробари мардон кор мекунанд. Аз ҷумла, дар сохтори наҷоти кишвар, ки лозим меоляд корҳои вазнинро ҳам анҷом бидиҳанд”,-гуфтанд онҳо.

Меҳнати софдилона ва фидокоронаи кормандони бахши наҷот ҳамасола аз ҷониби Сарвари давлат, роҳбарияти Кумита арзёбӣ карда мешавад.

 Дар чорабинии тантанавӣ иштирокдорон дар бораи Зан – Модар, ки сарчашмаи абадии вафодорӣ ва садоқат, рамзи зебоӣ ва меҳрубонӣ, аввалин тарбиятгар ва омӯзгори башарият мебошад, суханронӣ намуданд.

Роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти хидматии кормандон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд.

барчасп: