Бино ба маълумоти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сеймологияи АМИ Тоҷикистон 4-уми марти соли равон соати 05:23 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази он 370 километрии ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе, 97 километр ғарбтари кӯли Сарез ва 37 километр ғарби ноҳияи Мурғоби ВМКБ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Манбаъ хабар дод, ки қувваи заминларза дар маркази он 4 балл, дар Мурғоб 3 балл ва дар ҳудуди шаҳри Хоруғ 2-3 балл буд.
Заминларза ягон талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надошт.