Суҳбати судманд дар бораи коррупсия

Суҳбати судманд дар бораи коррупсия

3 марти соли 2023 бо мақсади татбиқи минбаъдаи «Стратегияи давлатии мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи якум (2021-2025)» ва тибқи нақшаи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо коррупсия дар байни кадрҳо дар Раёсати таъминоти моддию техникӣ, озуқаворӣ ва нақлиёт, Раёсати сохтмон, истифодабарии биною иншоот ва Раёсати кӯли Сарез бо нозири калони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Васлибек Назриён вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ В.Назриён оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо коррупсия» ва «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» шарҳу эзоҳ дода, оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мисолҳо оварда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд. 

Ҳамчунин, маҳдудиятҳо дар гирифтани тӯҳфаҳо, муқаррар кардани ҷазо барои гирифтан ва додани пора, миёнаравӣ дар ришвахорӣ дар шакли ҷарима, ки ба андозаи чандкаратаи маблағи пора; аз кор озод кардан бо сабаби гум шудани эътимод, тартиби тафтиши маълумоте, ки шахсони мансабдори КҲФ ва воҳидҳои тобеи он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бо коррупсия пешниҳод мекунанд, баррасӣ шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ миёни кормандони КҲФ ва намояндаи Агентии дар боло зикршуда табодули афкор сурат гирифт.

барчасп: