Мулоқоти сарвари КҲФ бо ҳайати Норвегия

Мулоқоти сарвари КҲФ бо ҳайати Норвегия

1 марти соли 2023 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ҳайати норвежии шӯрои кор бо паноҳандагонро бо сарварии роҳбари барномаи кумак ба паноҳандагони Афғонистони Норвегия хонум Анника Хэмпсон ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот сарвари Кумита меҳмононро бо фаъолиятҳои КҲФ, воҳидҳои сохтории он ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҳолатҳои фавқулода ва бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ шинос намуд. Ҳамчунин Раиси КҲФ ба меҳмонон дар бораи ҳолатҳои фавқулодае, ки имсол дар қаламрави кишвар рух доданд, маълумот дод. 

Ҳадафи аслии мулоқот баррасии масъалаҳо дар иртибот ба қабули муҳоҷирони эҳтимолӣ ва таъмину ҷобаҷосозии онҳо буд. Ғайр аз ин масъалаҳои захираи ашёи ниёзи аввал барои паноҳандагон дар анборҳои сохташуда дар ноҳияи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.

Хонум Хэмпсон барои пазироии гарм изҳори сипос намуд ва иброз дошт, ки танҳо бо ҳамкории муштарак метавон масъалаҳои дар миёнгузошташударо самарнок ҳаллу фасл намуд. 

Дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи дурнамои ҳамкориҳои минбаъда табодули афкор намуданд, ҳамчунин дар атрофи чанд масъалаи дигари барои ду ҷониб манфиатовар суҳбат карданд.

барчасп: