Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз роҳандозии корҳои омодагӣ ба боронҳои шадиди аввалбаҳорӣ хабар дод. Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2023» пеш аз мавсими боронҳои пай дар пайи фасли баҳори имсола ташхиси минтақаҳои ба ҳолатҳои фавқулода осебпазири ноҳияҳои шаҳри Душанбе гузаронида шуд.
Ин санҷиш ҳамроҳ бо намояндагони шуъба, бахшҳои ноҳиявӣ ва Муассисаи давлатии “Раёсати обёрӣ”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст.
Аз ҷумла: дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ (ҳудуди маҳаллаҳои Хуҷамбиён боло, Хуҷамбиёни поён ва маҳаллаи Нодира кўчаҳои А.Мухторов, маҳаллаи Навобод, селпартобҳои Дуғоба ва тагшингоҳҳои Қиблаӣ ва Қамчин); ноҳияи Шоҳмансур (ҳудуди маҳаллаҳои Бӯстон-1, Бӯстон-2 ва Бадахшон, Тагшингоҳои Лоёб ва Охтоқ, селпартоҳои Қаротегин, Шӯрак ва истгоҳои насосии “Кофарниҳон”); ноҳияи Сино (ҳудуди маҳаллаҳои Лучоби боло ва Лучоби поён, маҳаллаи Пахтакор, маҳаллаи Чортути боло, Чортути поён, Маҳмадшоҳи боло ва канали “Янгичоряккорон”); ноҳияи Фирдавсӣ (ҳудуди маҳаллаҳои Сарикишти, Чимтеппа ва шаҳраки 63-юм) аз назар гузаронида шуданд.
Санҷиши визуалӣ нишон дод, ки минтақаҳои хатарноки таҳқиқшуда дар ҳолати хуб қарор доранд.
Маълумоти гирдоваришуда ба Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи Мақомоти ҳокимияти иҷроияи шаҳри Душанбе ва барои андешидани тадбирҳои пешгирикунанда ба роҳбарони Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияҳои пойтахт фиристода хоҳад шуд.