Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: Дар роҳҳои кӯҳӣ хатари лағзиши тармаву резиши санг боқӣ мондааст!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки дар натиҷаи гарм шудани дамои ҳаво зарфи чанд рӯзи охир ва баъдан боридани барфу борон аз 31-уми январ то 2-уми феврали соли ҷорӣ  дар ноҳияҳои кӯҳӣ хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад.

Дар роҳҳои  Душанбе - Хуҷанд, Душанбе -Лахш, Душанбе - Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе - Дарвоз - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ - Мурғоб яхбандӣ ҳаракати мошинҳоро ба мушкил рӯбарӯ мекунад. Хатари лағзиши тармаву резиши санг ин ҳама мушкилотро дучанд мекунад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз сокинон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба минтақаҳои тармахезу сангрез худдорӣ намоянд.

Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафар дар бораи ҳолати роҳҳои маълумот дастрас кунанд ва ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳи ҷиддан фосилаи байни мошинҳоро риоя намоянд.  

Дар ҳоли пеш омадни ягон ҳодисаи фавқулода бо шумораҳои 112 ва ё  93 880 28 19 занг занед ва кумак хоҳед.

барчасп: