Ду нафар дар як садамаи маргбор дар роҳи Душанбе – Кӯлоб ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодиса соати 23:00 рӯзи 28-уми январи соли равон иттифоқ уфтод. Мошини тамғаи ОПЕЛ АСТРА-и мутаалиқ ба як шаҳрванди 30-солаи деҳаи Ҳуррияти ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор ба мошини тамғаи КАМАЗ бархӯрд ва дар натиҷа ронанда ва мусофири 27-солаи он, сокини деҳаи Турдибобои ҷамоати деҳоти Дурбати шаҳри Ҳисор бар асари ҷароҳати сахти ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд.
Бино ба гузориши расида ин мошин аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҳоли ҳаракат буд ва сабаби садама ба эҳтимоли зиёд суръати баланди ҳаракат дар ин як поси шаб буд, ки ронанда натавонист аз уҳдаи идораи мошин барояд ва ба ақиби мошини боркаш бардхӯрду сабаби садама шуд.
Мусофири дигари мошин, ки ҷавони 26-сола, ки низ сокини деҳаи Дурбат буд, бо ҷароҳати вазни ба беморхонаи шаҳри Ваҳдат интиқол ва бистарӣ шуд.
Риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва бахусус бо суръати баланд мошин рондан ҳамеша хатарҳоеро дар пай дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагон бо эҳтиром хоҳиш мекунанд ҳангоми ҳаракат бо риояи кулли қоидаҳои бехатарӣ ҷони худ ва ҳамсафарони худро аз ҳар гуна хатари эҳтимолӣ ҳифз кунанд.