Сангрезиш дар ноҳияи Рӯшон ба се хона зарар расонд

23 – уми январи соли 2023 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави деҳаи Висиви ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рӯшони ВМКБ резиши санг ба қайд гирифта шуд. Бар асари ин ҳодиса се хонаи истиқоматии сокинони ин деҳа зарар диданд. Ба касе зарари ҷисмонӣ нарасидааст. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар ҷойи ҳодиса фаъолият дорад ва зарари расидаро муайян мекнуад.

Аз сабаби мавҷуд будани хатари резиши санг ва омадани селҳо, лағзиши тарма Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад, эҳтиёт кунанд. Дар ин рӯзҳо равуо дар роҳҳои кӯҳиро маҳдуд намуда, аз чорвочаронӣ ва ғунучини ҳезуму гиёҳҳои доруворӣ, шикор ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд. 

КҲФ аз ронандагон низ хоҳиш мекунад ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд ва то ҳадди имкон ба фосилаи байни мошинҳо диққат диҳанд.

барчасп: