Ҳалокати се нафар дар як садамаи мошин дар ноҳияи Ҳамадонӣ. Кумаки имдодгарон барои аз об пок кардани ду таҳхона дар пойтахт

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон ягон ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта нашуд. Аммо наҷотдиҳандагон ду бор бо даъвати шаҳрвандлдон аз қароргоҳи худ барои расонидани кумак берун шуданд.

Чунончӣ, 22 январи соли 2023 соати  09:23  ба Қисми навбатдории Кумита хабар расид, ки таҳхонаи гимназияи №9 ба номи Асадулло Ғуломов воқеъ дар қаламрави ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз об пур мешавад.

Занги дуюми телефонӣ ҳам аз пур шудани оби таҳхона дар як бинои истиқоматӣ воқеъ дар ноҳияи Сино расид. 

Имдодграон ба ҷойи ҳодиса расида, бо ёрии таҷҳизоти вижаи обкаш оби таҳхонаҳоро берун кашиданд ва биноҳоро аз хатари эҳтимолӣ наҷот доданд.

22 январи соли2023 дар роҳи мошингард миёни ҷамоати деҳоти Гулистон ва маркази ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон садамаи мошин ба қайд гирифта шуд. 

Мошини тамғаи  «Hyundai», ки аз ҷониби як сокини 26-солаи ноҳия Ҳамадонӣ идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз сабаби аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда ба дарахти канори роҳ бархӯрд. 

Бар асари ин ҳодиса ронанда ва се мусофири он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Ду мусофири дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона интиқол дода шуданд. 

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки ҳангоми ҳаркат қоидаҳои бехатариро риоя намоянд ва аз боло бурдани суръати ҳаракат худдорӣ намоянд.

Ронандагӣ бо суръати баланд ҳамеша хатарнок аст. Ба ҷони худ ва ҳамсафарони худ раҳм кунед!!!

барчасп: