Корҳои наҷоти шабонарӯзи гузашта. Чанд маслиҳати муфид ба волидоне, ки тифлонашонро танҳо дар хона мемонанд

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта се маротиба бо даъвати шаҳрвандон барои расонидани ёриҳои фаврӣ аз қароргоҳи худ берун шуданд. Думаротиба бо даъвати сокинони ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Сомонии пойтахт, ки мегуфтанд аз оби зиёд таҳхонаи хонаҳояшон пур шудаву хатар ба манзилҳои истиқоматӣ таҳдид мекунад.

 Кормандони наҷот ба ҷойи ҳодиса расида бо истифода аз насосҳои обкаши замонавӣ оби таҳхонаҳоро берун кашиданд ва сокинонро аз хатари эҳтимолӣ наҷот доданд. Ҳамзамон ҷоепро, ки аз тариқи он об вориди таҳхона мешуд, маҳкам намуданд.

Ҳамчунин шабонарӯзи гузашта имдодагорон дари оҳании  манзили истиқоматии як сокини кӯчаи ба номи Нусратулло Махсум воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансурро боз карданд. Ба Қисми навбатдорӣ зане занг зад ва бо як ҷаҳон изтироб хабар дод, ки дар ҳамин шаби сарди зимистон наметавонад вориди манзили истиқоматиаш шавад, чун дари хона аз дохил баста шудааст. Вай ҳамчунин хабар медод,ки дар хона кӯдаконаш танҳо мондаанд.  

Наҷотбахшон бо воситаи дастгоҳи махусус дарро беосеб боз карданд, бачаҳои ноболиғи соҳиби хона ба ёрии тиббиву равонӣ ниёз надоштанд. 

 Маврид ба ёдоварист, ки танҳо мондани ноболиғон дар хона метавонад хатарҳо дошта бошад. ЧАНД МАСЛИҲАТИ МУФИД БАРОИ ВОЛИДОН:

Фарзанди шумо ба мактаб меравад, худро мустақил ҳисс мекунад ва он рӯзе ҳам, ки ин кӯдакро метавон дар хона танҳо монд, ба зудӣ фаро мерасад. Падару модар ҳисс мекунанд, ки вай ҳоло мехоҳад худаш мустақилона либосҳояшро утӣ занад, ғизо тайёр кунад, хонаи хобашро ба низом дарорад ва ба чанд кори дигари модараш ёрӣ расонад. Боз агар ин фарзанди шумо духтар бошад, талош мекунад ҳамеша худро паҳлуи модараш бинад, ба рафторҳои вай пайравӣ кунад. Волидони закӣ ба ин гуна майлу хоҳишҳои фарзанди худ муқовимат намекунад, аз мустақилияти ӯ истиқбол мекунанд. Вале ҳастанд касоне, ки мегӯянд ҳоло вақти ба ин корҳо даст задани ӯ нарасидааст. Дар ҳама ҳолат калонсолон бояд талош кунанд, ки фарзандашон дар кӯчаву хона бехатар бошад. Сухани мо дар ин бора аст ва мустақилияту дигар ҷанбаҳои тарбияи фарзандонро ба вақти дигар мегузорем.

  • Корҳое ҳастанд, ки бача дар ин синну сол бояд накунад. Вале агар волидон ошкоро монеъ шаванд, ҳисси кунҷковии ӯро бештар бедор мекунанд. Аз ин рӯ, мумкин набудани ин ё он корро бояд ҷиддан бо лаҳну шеваи ба дарку фаҳми кӯдак муносиб фаҳмонд. Бояд шумо фаҳмонед, анҷом додани ин кор ба он хотир мумкин нест, ки метавонад оқибати нохуб барои худи ӯ дошта бошад.
  • Пеш аз он ки кӯдакро дар хона танҳо мегузоред, бояд ҷиддан ҳар кунҷи хонаро бубинед ва ҳар ашёи халандаву бурандаро аз назари тифли худ пинҳон кунед. Агар дасти ӯ ба разеткаҳои барқ мерасад, пас бояд шумо онҳоро бо сарпӯшакҳои махсусе, ки ҳоло дар мағозаҳо фаровонанд, маҳкам кунед.
  • Ба духтар ё писари худ фаҳмонед, ки ба электроплита наздик нашавад, ба мӯхушкунак ва дигар асбобҳои барқӣ нарасад. Зеро ин асбобҳо метавонанд расиши кутоҳе дошта бошанд ва ба ҳаёти вай хатарнок бошанд.
  • Пеши назари атфол нигоҳ доштани гӯгирд барин чизҳои отшадиҳанда қатъиян манъ аст! Бояд падару модар ба тифли худ фаҳмонанд, ки оташ ин бозича нест. 
  • Кӯдаки шумо дар бораи ҳолатҳои фавқулодаи ногаҳонӣ бояд тасаввурот дошта бошад. Бахусус дар бораи заминларза, ки маъмулан ногаҳонӣ рух медиҳад. Шумо бояд тавре инро фаҳмонед, ки вай натарасад ва барояш бигӯед, ки дар ин гуна ҳолатҳо чӣ бояд кунад. Аммо қабл аз ин худи шумо бояд дар ин бора маълумоти кофӣ дошта бошед. 

Ба фарзанди хурдсоли худ фаҳмонед, ки агар шумо дар хона нестед, вай бояд ваннаро пури об накунад, зарфҳоро нашӯяд. Зеро маъмулан кӯдакон чандон ботаваҷҷуҳ нестанд ва онҳо метавонанд ҷумаки обрезро маҳкам накунанд. Ин ҳолат боис мешавад, ки хонаи шумо ва ҳамсояи шумо зери об монад. Гузашта аз ин фарзанди шумо метавонад осеб бинад, тарсад.