Тавсияҳои КҲФ барои ҳифзи дарахтон дар сармо

Барфи фаровоне, ки дар қаламрави кишвар борид, сабабгори сардиву сармои бесобиқа шуд. Бар ба ҳадде зиёдборид, ки ҳоло ба кӯчаву хиёбон, ки меравед, дарахтони сарафканда аз барфи вазнинро мебинед.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба андешаи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ  тавсияҳоеро ба хотири ҳифзи дарахтон дар зимистон пешниҳод мекунад.

 

1.Дарахтони ҳосилдеҳро зимистон сафед мекунем

Сафедкунӣ дарахтонро аз чунин омилҳои зараровар, ба монанди гармо ва сармо муҳофизат мекунад. Дар ҳолати аввал, ранги сафед қисми нурҳои офтобро дар фасли зимистон инъикос мекунад. Ин намегузорад, ки решаи дарахт ба шиддат гарм шавад ва дар сардӣ ях кунад. Танаи сафедшуда инчунин пӯстро аз кафидан дар ҳавои сард муҳофизат мекунад. Ва сафедкунӣ пайдоиши шабнамро пешгирӣ мекунад.

Дарахтонро то ба баландии 1,5 метр бояд сафед кард. Муҳим он аст, ки оҳакро зиёд ба танаи дарахт намоланд, зеро он метавонад пӯчти дарахтро сӯзонад. 

                         

2. Баъди барф барфро аз шохаҳои дарахтон пок мекунем. 

Барф дар шохаҳои дарахтон на танҳо манзараи зебост. Барои шохаҳо, қабати барф метавонад хатарнок бошад, зеро он бо мурури замон зич ва вазнин мешавад.

Дар натиҷа шохаҳо метавонанд аз вазни гарон бишкананд ва баҳор ин як ҳолати ногувореро барои дарахт пеш меорад. Барои барфро аз шохаҳо резонданд, шумо бояд ҷорӯби бо даста ё чӯбчаи дарозро гиред. Бо ҳаракатҳои нарм, як қисми зиёди барфро аз шохаҳо афтонед. Ва баъдан метавон бо  такон додани дарахт ва ё шохаҳо барфҳои боқимондаро низ резонд. Агар ин корро анҷом надиҳед, барфи обшуда ях мебандад ва ба дарахт зарар мерасонад.  

 

3. Доираи наздик ба пояи дарахтро гарм мекунем.

Барои он ки системаи  решаи дарахт аз сармо намирад, доираи наздик ба пояро то баланди и аз 20 то 30 см ва қутри наздик ба 1 метр хокпӯш бояд кард. Хок на танҳо реша, балки пояи асосиро аз сармо ҳифз мекунад.

 

4. Дарахтони ҳосилдеҳи ҷавонро мепӯшонем

Мо набояд гарм кардани дарахтони мевадиҳандаро фаромӯш кунем. Бо фарорасии зимистон, беҳтар аст, ки онҳоро бо шахчаҳои арча, баргҳои афтода, хоку намад ва ғайра бипӯшем.  Бояд гуфт, ки ҳангоми сармои сахт ҳарорати решаи дарахтон поинтар аз 4-6 дараҷа мешавад. Истифодаи коҳу хаспораҳо чун масолеҳи пӯшанда маслиҳат нест. Зеро мушҳо ва кӯрмушу дигар ҳайвонҳои хоянда ин маводҳоро ба зудӣ ба хонаҳои худ мекашанд.

Бояд бештар ҳангоми дарахтшинонӣ дар фасли зимистон ботаваҷҷуҳ буд, танҳо риояи қоидаҳои агротехникии ниҳолшинонӣ метавонад гарави серҳосилии дарахтони шумо бошад.