Эҳтиёт: ЯХШӮШАҲО! (ВИДЕО)

Ҳар кас бояд донад, ки яхшӯшаҳо то куҷо ба одамон хатар доранд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаро расидани рӯзҳои офтобиву гармтар аз рӯзҳои қабл сокинонро аз хатари яхшӯаҳо ҳушдор медиҳад.

Барои пешгирӣ аз хатари эҳтимолӣ чанд тавсияро ироа медорем. Аммо ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки яхшӯшаҳо метавонанд одамонро ҷароҳатдор кунанд ва хатар ба саломатӣ дошта бошанд!

  • зери шӯшаҳои овезон қарор нагиред, бахусус ба бачаҳо диққат диҳед;
  • то имкон доред, қоши иморатҳоро аз яхҳои овезон пок кунед;  
  • агар зарурати гузаштан аз зери қоши иморатҳои бо яхҳои овезон пӯшида пеш омад, пас бе ягон ист хеле басуръат аз он убур кунед;
  • дар ҳоли дидани шушаҳои овезони ях дар боми хонаҳо зарур аст ба хадамоти хидматрасонӣ хабар диҳед. Кормандони хидмати комуналӣ вазифадоранд ба хабари шумо вокуниш нишон диҳанд.
  • Боя донист, ки маъмулан шӯшаҳои ях дар новадонҳо ба вуҷуд меоянд, аз ин рӯ зери намои иморатҳо хатарнок мешаванд. Лозим аст вақти гузор дур аз онҳо гузашт.
  • Хеле бояд эҳтиёткор буд ва то ҳадди имкон кӯшиш кард, ки ба деворҳои биноҳо наздик нашавед. Агар вақти гузаштан аз роҳ аз боло садои шубҳаомезеро шунидед, наистед, саротонро боло накунед, балки ба зудӣ аз он он гузаред ва худро ба зери девор кашед. Эҳтимолан ин лағзиши барфтӯда аст ва ё пораи азими ях.

 

ХУДРО ЭҲТИЁТ КУНЕД!!!

Агар ҳодисаеро бубинед, ки бар асари лағзиши яху барф ба вуҷуд омадаасту хатар дорад, ба КҲФ хабар диҳед. 

Ва агар аз шӯшаҳои овезону афтиши онҳо ҷароҳат бардоштед, фавран ба духтурон муроҷиат намоед!