Садамаи «Opel Zafira» дар роҳи Душанбе – Варзоб. Ҳалокати мософирхонуми ҷавон дар роҳи интиқол ба бемористон

Соати 12:30 дақиқаи рӯзи 10 – уми январи соли равон дар километри 53-уми роҳи Душанбе – Варзоб ронандаи мошини  тамғаи «Opel Zafira», ки аз Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд дар ҳоли ҳаракат буд, аз уҳдаи идораи мошин набаромад ва ба як мошини сӯхтбар, ки газ интиқол медод, бархӯрд.

Дар натиҷаи ин садама 6 нафар мусофирони мошин маҷруҳ шуданд. Кормандони бахши наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро аз дохили мошини садамадида берун оварданд ва ба бемористони ноҳияи Варзоб интиқол доданд.

Мутаассифона, як бонуи мусофир бар асари ҷароҳати вазнин дар роҳи итиқол ба беморхона ҷони худро аз даст дод.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабаби ин садамаи мудҳишро тафтиш мекунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як бори дигар аз ронандагон хоҳиш менамояд ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ дар чунин рӯзҳои барфиву сард ҷиддан қоидаҳои ҳаракатро риоя намоянд. Бахусус риояи фосила гарави аслии бехатарии ҳам ронандагону соҳибони мошинҳо ва ҳам мусофирон аст. 

Ҷони худ ва ҷони ҳамсафаронатонро ҳифз кунед!

барчасп: