Ду ҳодисаи лағзиши тарма дар роҳи Душанбе Хуҷанд. Хатари тармаву решиши санг то 14-уми январ боқӣ мемонад

9-уми январи соли 2023 соати 18:37 ба вақти маҳаллӣ дар километри 80-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа муддате роҳ баста гашт.

Барои тоза кардани барфтӯда дар ин қисмати роҳ техникаи хадамоти роҳи ширкати IRS ҷалб карда шуд ва соати 21:56 дақиқаи вақти маҳаллӣ ҳаракати мошинҳои сабукрав ба ду самт имконпазир гардид.   

10 – уми январи соли 2023 соати 06:20 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 71-уми роҳи мазкур боз ҳам тарма омад. Дар ҷойи ҳодиса кормандони хадамоти роҳи ширкати IRS ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудифиаи граждании назди Ҳуку мати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ду қитъаи роҳи мошингарди Душанбе – Варзоб навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кардаанд,  фаъол шуданд ва ҳоло роҳ аз ғарами барф тоза шуда, ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шудааст.

Гуфтанист, ки бар асари ду ҳодисаи лағзиши тарма талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст.

Барои таъмини амнияту бехатарӣ дар роҳҳои мошингарди  Душанбе –Чаноқ, Душанбе - Хоруғ, Душанбе - Рашт- Лахш- марзи Ҷумҳурии Қирғизистон, Душанбе - Бохтар, Душанбе - Кӯлоб, Душанбе – Турсунзода аз ҳисоби кормандони КҲФ якҷо бо намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо гурӯҳҳои сайёр ташкил карда шудааст, ки шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки бино ба маълумоти идораи ҳавошиносии кишвар то 14-уми январи соли 2023 дар саросари кишвар ҳавои сард ва хатари лағзиши тарма ва санг дар роҳҳои кӯҳӣ боқӣ мемонад.

барчасп: