Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод, ки бо супориши Раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода дар арафаи Соли нави мелодӣ ба 16-нафар ятими кулли ноҳияи Шуғнон туҳфаҳои солинавӣ ва маблағи пулӣ расонда шуд.
Туҳфаҳоро ба ятимон раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир ва сардори Раёсати Кумита дар вилоят полковник Мираков Н. супурданд.
Ҳамзамон бо ташаббуси ҳукумати ноҳия барои онҳо як барномаи тафреҳии солинавӣ низ созмон дода шуд.