Ҷамъомади таълимию методӣ дар Кумита

Рӯзҳои 27-28 декабри исоли 2022 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ методии Кумита бо иштироки сардорони шӯъбаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсати Кумита дар ВМКБ,  вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва сардори шуъба Кумита дар ноҳияи Рашт ва сардорони бахшу шуъбаҳое, ки дар шаҳру ноҳияҳои худ бештар ҳолати фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ дошта рух дода буд (шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат, Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода, Варзоб, Айни, Исфара, Б.Ғафуров)  аз тарафи мутахассисони Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита ҷамъомади  таълимию методӣ дар мавзӯъи “Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ” баргузор гардид.

Ҷамъомади таълимию методиро сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита генерал-майор Ҷамшед Камолзода ифтитоҳ намуда, дар бораи масъалаҳои ҷорӣ ва рӯзмара, хусусан ба масъалаи баланд бардоштани масъулиятнокӣ дар арзёбиҳои зарар ҳангоми офатҳои табиӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва рафти корҳои соҳилбандӣ, кучонидани аҳолӣ аз минтақаҳои хавфнок ва иҷрои Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилонаи кучонидани муҳоҷирони экологӣ ва инчунин тағйиру иловаҳо даровардан ба қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи  ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ” аз 15 июли соли 2004 сухан ронда, таклифу пешниҳодҳои худро вобаста ба масъалаҳои мазкур манзур намуд.

Ҷамъомади таълимию методӣ таҳти роҳбарии сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд гузашта, дар рафти он масъалаҳои Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда, таҳлили офатҳои табиӣ дар соли 2022, тартиб ва миқдори расонидани кӯмаки яквақтаинаи моддӣ ба аҳолии дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои ташкил ва истифодабарии манбаъҳои захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда, иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018 “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030”,  тартиби сохтор ва фаъолияти Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, таснифи ҳолатҳои фавқулодда ва презентатсияи сардорони шӯъбаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсатҳои  Кумита дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон дар баҳодиҳии ҳолатҳои фавқулодда ва барқарорсозии хонаҳои зарардида ва дигар масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда баррасӣ гардиданд.

Дар ҷамъомади таълимию методӣ 25 нафар  хизматчиёни  ҳарбӣ ширкат намуданд.

Инчунин дар ҷамомади мазкур намоянда аз Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, вобаста ба ҳукуки байналмилалӣ дар соҳаи ҳифҳи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, тартиби даровардани тағйиру иловаҳо ба қонун, қарорҳои соҳавӣ ва доир ба фаъолияти Маркази мазкур баромад намуданд. Дар муҳокимаҳо   афсарони Кумита фаъолона иштирок намуда, ба саволҳо додашуда, ҷавобҳои мушаххаси худро гирифтанд.

Аз ҷониби сардори шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Тоҷикистон Сангов Шуҳрат вобаста ба ҳамкориҳои ҷамъият бо Кумита, ҳуқуқи байналмилалӣ ва Қонунгузории амалкунандаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон баромад намуд.

Дар охири ҷамъомади мазкур ширкаткунандагон пешниҳод карданд, ки чунин ҷамъомадҳо дар оянда дар ҳар як семоҳа якҷо бо сардорони шӯъбаҳою бахшҳои Кумита, сардорони Раёсатҳои Кумита дар минтақа ва вилоятҳо гузаронида шаванд. 

Бояд, қайд намуд, ки чорабинии мазкур бо дастгирии бевоситаи  Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

барчасп: