Як мошини тамғаи RAV 4, ки аз ҷониби як сокини 62-солаи ҷамоати деҳоти Варзоби ноҳияи Варзоб идора мешуд, бо сабабҳои номаълум ба канали дериватсионии Душанбе, дар қаламрави маҳаллаи Нодираи ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарозер шудааст.
Дар ин бора рӯзи 18-уми декабри соли 2022 соати 13:06 дақиқа ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дастаи имдодгарони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе фавран ба ҷойи ҳодиса расиданд. Бо дарназардошти вазъияти баамаломада, бо қарори роҳбарияти Кумита як дастаи иловагӣ аз Маркази наҷоти Кумита бо як адад автокран низ ба ҷои воқеа сафарбар карда шуданд.
Соати 19:40 дақиқа автомашинаи мазкур бо ҷасади ронандааш аз қаъри канал бароварда шуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хешовандонаш супорида шуд.