Бино ба гузориши Институти геология ва сеймсологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 13-уми декабри соли равон, соати 06:05 ба вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон замин ларзид.
Маркази заминларза 14 километр ҷанубтари шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ буд.
Қувваи заминларза дар маркази он 3 балл ва дар шаҳри Душанбе 2,5 баллро ташкил дод.
Талафоти ҷони ва хисорати дигар нест.