11 декабри соли 2022 тахминан соати 15:16 галаи гургон ба сари як рама дар қаламрави деҳаи Сежди наздикии Девлохи ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ҳамла карданд. Дар натиҷа 28 сар чорвои хурдро дариданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи чорво аз ҳамлаи ҳайвоноти даранда ба таваҷҷӯҳи сокинони деҳоти муқими ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии ҷумҳурӣ тавсияҳои зеринро пешниҳод менамояд:
– набояд чорворо беназорат гузошт. Чорвочаронӣ танҳо дар ҳавои рӯшан ва зери назорати ҳамешагии чӯпон бояд сурат гирад. Ин чӯпон бояд ҳатман бо худ воситаҳои ҳимоявӣ ва тарсдиҳандаи дарандагонро дошта бошад. Шабона молҳо бояд ҳатман дар оғилхонаҳое, ки амнияти онҳоро таъмин мекунанд, ҷобаҷо карда шаванд;
– оғилхонаҳо, молхонаҳо, говхонаҳое, ки дар деҳоти кӯҳӣ ва ё дар канори деҳаҳо ҷойгир шудаанд, бояд бо турҳо ва ё девори на пасттар аз 2,5 метр иҳота шуда бошанд. Девор бояд ҳайвонотро аз вуруди паланги барфӣ ё хирс боэътимод муҳофизат кунад. Ба бошишгоҳҳои саҳроии тобистонии чорво диққати махсус додан лозим аст — онҳо бояд шабона муҳофизат карда шаванд. Бояд аз ҳама гуна воситаҳои тарсонидани паланги барфӣ истифода кард;
– ҳама ҷасади ҳайвоноте, ки дарандагон даридаанд, бояд аз роҳи сӯзонидан нобуд карда шавад. Хӯрдани гӯшти ин ҳайвонот номумкин аст, чун метавонад боиси сирояти ҳар гуна касалиҳо, аз ҷумла бемории ҳорӣ шавад;
– дар шикорхонаҳо, дар бошишгоҳҳои тобистонии чорво ва оғилхона сагҳои хонагй бояд бечунучаро дар банд бошанд. Дар ин ҳолат, сагҳо бояд аз ҳамлаҳои эҳтимолии паланг муҳофизат карда шаванд. Ба ин максад барои сагҳо паноҳгоҳҳо сохтан лозим аст, ҷойе бояд сохт, ки вуруди паланги барфӣ номумкин бошад.
Гайр аз ин, манзили он сокиноне, ки дар канораҳои деҳаҳо ҷойгир шудаанд, бояд бо деворҳои бештар аз 2,5 метр иҳота шуда бошанд, то паланги барфӣ ва гургу ҳайвони дигари даранда имкони вуруд ба он надошта бошад.