Сабти анъанаи кирмакпарварӣ ва абрешимбофӣ ва латифаҳои Хоҷа Насриддин Афандӣ дар рӯйхати репрезентативии ЮНЕСКО

ЮНЕСКО

Ҳунари кирмакпарварӣ ва тавлиди анъанавии абрешим барои бофандагӣ, ки ҳамчун унсури муштараки фарҳангӣ аз ҷониби Афғонистон, Озарбойҷон, Эрон, Туркия, Тоҷикистон,Туркманистон, Ӯзбекистон ва Латифаҳои Хоҷа Насриддин Афандӣ (Озарбойҷон,Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон) ба арзёбии Ҷаласаи 17 байниҳукуматии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ ироа гардиданд, ба рӯйхати ҷаҳонии Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ ворид шуданд.

Ҷаласаи 17-уми байниҳукуматии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ рӯзи 28 ноябри соли 2022 дар шаҳри Работи Шоҳигарии Марокаш оғоз ёфта, то 3 декабри соли 2022 идома хоҳад дошт.

Дар ин ҷаласа беш аз 1100 нафар, аз ҷумла, намояндагони давлатҳои узви Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои фарҳангӣ ва дигар коршиносон аз 180 кишвари дунё ширкат доранд.

Дар ҷараёни ҷаласа беш аз 50 дархостномаи кишварҳои узв роҷеъ ба ворид кардани унсурҳои фарҳангӣ ба Рӯйихати репрезентативии ЮНЕСКО мавриди арзёбӣ қарор хоҳанд гирифт.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикстон оид корҳои ЮНЕСКО (роҳбари ҳайат) Зулфия Бурҳон, коршиносони масоили мероси фарҳанги ғайримоддӣ Дилшод Раҳимӣ ва Қурбони Аламшоҳ муаррифӣ мекунанд.

Конвенсияи ЮНЕСКО оиди ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ 12 октябри соли 2003 дар Ассамблеяи Генералии ЮНЕСКО бо мақсади ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият қабул шудааст.

барчасп: