Ин ҳодиса рӯзи 23-уми октябри соли 2022 соати 01:20 дақиқа рух додааст. Имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марди 30-солаеро наҷот доданд, ки нимишабӣ мехост худкушӣ кунад. Вай омода буд худро аз тирезаи ошёнаи чоруми бинои истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи Гипроземи ноҳияи Синои пойтахт ба замин ҳаво диҳад.
Баъди дарёфти хабар наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд ва шаҳрвандро аз қасдаш боздоштанд ва солим ба наздиконаш супурданд.
Маълум шуд, ки шаҳрванд 30 сол дошта мубталои бемории рӯҳӣ будааст.