Муҳтарам Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид!
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Бо камоли хушнудӣ ҳузури ҳамаи шуморо дар сарзамини Тоҷикистон барои иштирок дар ин конфронси муҳимми байналмилалӣ, ки ба яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир бахшида шудааст, хайрамақдам мегӯям.
Ҳамоиши имрӯзаи мо сеюмин чорабинии сатҳи баланд аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Қатар, Арабистони Саудй ва дигар шарикони байналмилалӣ дар доираи «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» баргузор мегардад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба роҳбарияти созмонҳои зикршуда ва кишварҳои шарик барои дастгирӣ дар раванди тадорукот ва баргузории конфронс миннатдорӣ баён менамоям.
Умед дорам, ки зимни ин ҳамоиш масъалаҳои таъмини амният, мудирияти сарҳад ва муқовимати муассир ба ифротгароиву терроризм, бахусус, пешгирии таҳарруки террористон тавассути сарҳадҳо ҳамаҷониба баррасӣ гардида, аз натиҷаи он қарорҳои мушаххас қабул карда мешаванд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ба ҳамагон возеҳ аст, ки тайи солҳои охир доираи хатару таҳдидҳои аз терроризму ифротгароӣ бароянда мунтазам васеъ гардида, ин зуҳуроти харобиовар боиси оқибатҳои даҳшатбор мегарданд ва фаъолияти созмону гурӯҳҳои террористиву ифротгаро хусусияти афзояндаи фаромарзиву фаромиллӣ касб менамоянд.
Гузашта аз ин, паҳншавии босуръати бемории сироятии COVID-19 дар зарфи зиёда аз ду соли охир ва пайомадҳои он ҷараёни муқовимат бо ин таҳдидҳоро боз ҳам мушкил гардонида, раванди татбиқи Рӯзномаи 2030 ва дастёбӣ ба ҳадафҳои рушди устувори онро дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон халалдор сохт.
Гурӯҳҳои террористӣ аз чунин вазъи баамаломада сӯйистифода карда, фаъолияти ифротгароӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба он, ташвиқ ва анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ, аз ҷумла бо истифода аз технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро густариш мебахшанд.
Боиси таассуф аст, ки бидуни дарки ҳадафҳои аслии созмону гурӯҳҳои ифротиву террористӣ баъзе воситаҳои ахбори омма барои роҳбарони онҳо минбар ё дигар имконоти ибрози матлабро фароҳам меоранд.
Ин гуна рӯйкардҳо, ба назари мо, ғайрисозанда буда, гурӯҳҳои носолимро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таблиғу ташвиқ менамоянд.
Ҳамчунин, қобили тазаккур аст, ки имрӯз созмону гурӯҳҳои ифротиву террористӣ зимни роҳандозии ҳадафҳои нопоки худ аз зарфиятҳои технологияи иттилоотии пешрафта фаровон истифода мебаранд, ки бояд ин мавзӯъ мавриди таваҷҷуҳ ва тадбирандешии муассири масъулону коршиносон қарор гирад.
Тибқи таҳлилу пешбиниҳо, чунин вазъият дар минтақа ва кишварҳои алоҳидаи дунё дар оянда идома ёфта, ҳузур ва фаъолияти ДОИШ ва Ал-Қоида густариш меёбад.
Бинобар ин зарурати таҳияи равишҳои нави инноватсионии муборизаи муштарак бар зидди терроризм, паҳншавии идеологияи ифротгароӣ ва тундгароии динӣ, аз ҷумла бо истифода аз технологияҳои муосир, ба миён омадааст.
Ҳозирини гиромӣ!
Тоҷикистон ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва амалиёти густурдаи ифротиву террористӣ рӯ ба рӯ гардида буд.
Имрӯз мо бо итминони комил изҳор медорем, ки ба шарофати ваҳдату дастгирии мардум ва сиёсати созандаи Ҳукумат кишвар аз вартаи он фоҷеа раҳо ёфт ва аз ин рӯ, мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хатар ва пайомадҳои ин зуҳуроти ниҳоят харобиовар ҳушдор медиҳем.
Маҳз ба ҳамин хотир, Тоҷикистон дар ҳамаи кӯшишҳо ва тадбирҳои байналмилалӣ ба хотири решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб фаъолона ширкат намуда, яке аз иштирокдорони фаъоли ҷомеаи байналмилалии зиддитеррористӣ гардид.
Мо бо қаноатмандӣ иброз менамоем, ки дар натиҷаи такмили батадриҷи қонунгузорӣ ва татбиқи барномаву стратегияҳои миллӣ дар кишвар заминаи сиёсати мақсаднок ва ҳамоҳангшудаи давлатиро барои муқовимат ба терроризму ифротгароӣ гузоштем.
Дар доираи амалӣ намудани Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020, Ҳукумати мамлакат дар миёни дигар дастовардҳои назаррас, инчунин, ба беҳбуди механизми пешгирӣ кардани ифротгароиву тундгароӣ ва баланд бардоштани нақши соҳаи маориф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ноил гардид.
Татбиқи муваффақонаи ин санад ҷиҳати таҳия ва қабули стратегияи нав барои солҳои 2021-2025 заминаи мусоидро фароҳам овард.
Ҳоло барои татбиқи стратегияи мазкур Котиботи махсус созмон дода шуда, ҳамзамон бо ин, Платформаи ҳамкорӣ байни ниҳодҳои давлатии татбиқкунандаи он ва созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ амал менамояд.
Дар натиҷаи тадбирҳои мушаххаси Ҳукумати Тоҷикистон зиёда аз 400 нафар шаҳрвандони кишвар, асосан занону кӯдакон, аз Сурия ва Ироқ, ҳамчунин зиёда аз панҷ ҳазор донишҷӯёни тоҷик бо мақсади пешгирӣ аз ҳамроҳшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ аз муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ ба Ватан баргардонида шуданд.
Имрӯз андешидани чораҳои муассир ҷиҳати офиятбахшӣ ва барқарорсозии онҳо идома дорад ва ҳамкории шарикони рушд дар ин раванд эҳсос мегардад.
Хонумҳо ва ҷанобон!
Мо борҳо таъкид кардаем, ки Тоҷикистон дар хатти аввали мубориза бо хатари ифротгароиву терроризм қарор дошта, на танҳо минтақа, балки қаламравҳои фаротар аз онро аз оқибатҳои фалокатбори ин зуҳурот ҳимоя мекунад.
Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти вазъи мураккаби минтақа ба таҳкими доимии ҳифзи сарҳади давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои пешгирӣ кардани интиқоли фаросарҳадии ҷангҷӯёни террорист, қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Мо ба мақсади такмил додани раванди муҳофизати сарҳади давлатӣ ҳанӯз соли 2010 “Стратегияи миллии идора намудани сарҳад” ва нақшаи амали онро доир ба ислоҳоти низоми таъмини амнияти сарҳад барои давраи то соли 2025 бо мусоидати шарикони байналмилалӣ қабул намудем.
Таъкид бояд кард, ки дар шароити кунунӣ интиқоли ҷангҷӯёни террорист аз навоҳии ҷангзадаи Ховари Миёна ба минтақаҳои дигар ва дар ин замина тақвият ёфтани мавқеи созмонҳои террористии байналмилалӣ дар Афғонистон барои давлатҳои Осиёи Марказӣ хавфи ҷиддиро ба миён овардааст.
Таҳмили ғояҳои тундгароёна бар афкори ҷавонон ва мавҷудияти ба истилоҳ «гурӯҳҳои хуфта»-и ифротиву террористии байналмилалӣ аз ҷумлаи таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти минтақа маҳсуб меёбанд.
Мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар нуқоти муайяни олам терроризм дар шаклҳои гуногун ва зери шиорҳои мафкураи ифротӣ асоснок карда мешавад ва ба зеҳну шуури гуруҳҳои мунтахаб таҳмил ва ташвиқу тарғиб мегардад.
Ба ибораи дигар, ҳаракатҳои террористӣ ҷараёни мушаххаси мақсадгузорӣ, омодасозии рӯҳиву равонӣ ва ҷисмониро дар бар мегиранд.
Барои таъмин намудани амнияти минтақа ва ҷаҳон ба таври мунтаззам пешгирӣ кардани чунин раванд ва оқибатҳои фоҷеабори он аз ҷумлаи иқдомоти шадидан зарур дониста мешаванд.
Мо умед дорем, ки кишварҳои ҷаҳон дар ҳамбастагӣ муқовимати муассирро бар зидди ин зуҳуроти номатлуб роҳандозӣ мекунанд ва дар роҳи пешгирӣ кардани таҳарруки террористҳо, интиқоли онҳо аз як минтақа ба минтақаи дигар, дарку фаҳмиши омилҳои таҳрикдиҳандаи терроризм, инчунин таҳияи мавқеи ягона нисбат ба мафҳумҳои ифротгароӣ ва терроризм комёб мегарданд.
Иштирокдорони муҳтарам!
Гурӯҳҳои террористӣ кӯшишҳои худро ҷиҳати убури сарҳад дар минтақаҳои дурдаст ва дорои мушкилоти ҷуғрофию иқлимӣ идома медиҳанд.
Бо дарназардошти вазъи кунунии амниятӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд дарк намояд, ки ифротгароиву терроризм бо тамоми зуҳуроти зишти худ ҳеҷ рабте ба миллат, дину мазҳаб ва шаҳрвандӣ надорад.
Вобаста ба ин, дарк бояд кард, ки танҳо ҳамкории созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳи асосии муборизаи самаранок ба мақсади рафъи мушкилоти терроризм мебошад.
Мусаллам аст, ки кишварҳои ҷаҳон раванди мубориза бо терроризму ифротгароиро ҳамоҳанг намуда, бо ибтикори созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҷиҳати эҷоди заминаҳои ҳуқуқии марбута корҳои зиёде анҷом додаанд.
Аммо, тавре ки вақт нишон дод, онҳо барои вокуниши муносиб ба ҳама таҳдидҳои мавҷудаи терроризм нокифоя мебошанд.
Чунонки дар гузоришҳои ниҳодҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид зикр мегардад, ҳолати мазкур ба он сабаб ба миён омадааст, ки зимни арзёбии ҳуқуқӣ ва истилоҳӣ аз ин падидаи хатарнок миёни кишварҳо рӯйкарди ягона ва ҳамдигарфаҳмии зарурӣ вуҷуд надорад.
Аз ин лиҳоз, то замоне, ки аз ҷониби ҳамаи субъектҳои байналмилалӣ мафҳумҳои мушаххаси эътирофшудаи терроризму ифротгароӣ ва равишҳои ягонаи муқовимат ба онҳо пазируфта нашавад, таъмин намудани ҳамоҳангии талоши кишварҳо дар мубориза бо ин падидаҳои зиддиинсонӣ амалан ғайриимкон боқӣ мемонад.
Ҳозирини гиромӣ!
Эътироф бояд кард, ки вокуниши муваффақона ба ҳар як зуҳуроти номатлуб бо дарки мазмуну муҳтаво ва ҳадду ҳудуд, хусусиятҳои муайянкунанда, сабаб ва ҳассосияти он ва тадбирҳои гуногуни андешидашуда алоқамандӣ дорад.
Ҳамчунин, барои таъмин намудани ҳифзи сарҳад, сохти конститутсионӣ ва рушди муназзами давлатҳо ҳамкории воқеиву шаффоф дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ зарур ва ба манфиати ҳамаи ҷонибҳо мебошад.
Барои Тоҷикистон таъмин намудани ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ ва дарёфти имкониятҳо ҷиҳати тақвияти он бениҳоят муҳим аст.
Тоҷикистон ва Афғонистонро 1400 километр хатти сарҳад бо қитъаҳои мураккаби кӯҳӣ ба ҳам мепайвандад, ки тақрибан 60 фоизи марзҳои давлатҳои Осиёи Марказиро бо ин кишвар ташкил медиҳад.
Дар чунин шароит мо ҷиҳати таҳкими сарҳадот чораҳои зарурӣ андешида истодаем ва тайи ду соли охир зиёда аз 175 иншооти сарҳадиро сохта ба истифода додем.
Қобили зикр аст, ки ҳамзамон бо ин сохтмони 30 иншооти дигар идома дорад ва моро лозим аст, ки дар оянда боз 300 иншооти марбутаро бунёд намоем.
Дар ин робита, талошҳои таъхирнопазир ҷиҳати татбиқи ташаббуси Тоҷикистон - консепсияи “камарбанди амниятӣ” дар атрофи Афғонистон ба манзури пешгирӣ ва коҳиш додани пайомадҳои хатару таҳдидҳо амри зарурӣ мебошад.
Иштирокдорони муҳтарам,
Барои ҷилавгирӣ аз фаъолияти террористон давлатҳоро зарур аст, ки зимни ҳифзи сарҳад тадбирҳои назоратиро мувофиқи уҳдадориҳо ва дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ амалӣ намоянд.
Имрӯзҳо мо мушоҳида мекунем, ки террористону ифротгароён аз институти “гуреза” ва “паноҳҷӯянда” хуб истифода карда, аз боварии кишварҳои бештар тараққикарда сӯйистифода менамоянд.
Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки арзишҳои инсонӣ ва ҳуқуқи башар ҷудо аз терроризму ифротгароӣ баррасӣ карда шуда, ба шахсони барои содир кардани амалу кирдорҳои террористӣ ҷалбшуда ва айбдор донисташуда паноҳгоҳ дода нашавад ва чунин ашхос сари вақт боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.
Таъмини боэътимоди амнияти сарҳад барои ҷилавгирӣ аз таҳдиди террористону ифротгароён тавассути сарҳадҳои хушкӣ, ҳавоӣ ва баҳрӣ аҳаммияти фавқулода муҳим дорад.
Таъкид бояд кард, ки роҳандозии муборизаи самаранок бар зидди падидаҳои харобиовари муосир андешидани чораҳои дастаҷамъиро тақозо мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мақсад бо якчанд созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, ниҳодҳои махсуси Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва кишварҳои мададрасон, аз қабили Япония, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Чин ва Россия дар доираи лоиҳаҳои гуногуни марбут ба мудирияти сарҳад ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.
Бинобар рушди босуръати технологии соҳаи мудирияти сарҳад, имрӯзҳо зарурати таъмин намудани мақомоти назорати сарҳадӣ бо технологияҳои муосир барои сари вақт ошкор ва пешгирӣ намудани кӯшишҳои гурӯҳҳои террористиву ифротӣ, ки нияти рахна кардани низоми сарҳади давлатиро доранд, ба миён омадааст.
Амалӣ намудани ин иқдом омӯзиши таҷрибаи кишварҳои тараққиёфта ва марҳала ба марҳала ҷорӣ кардани стандартҳои пешқадами байналмилалиро дар мудирияти сарҳади давлатӣ тақозо мекунад.
Аз ин лиҳоз, дастрас намудани василаҳои аз лиҳози фанноварию техникӣ пешрафта ва боэътимод дар ин масир яке аз вазифаҳои асосии муборизаи муштараки сатҳи байналмилалӣ бо терроризм дониста мешавад.
Умедворам, ки доираи ҳамкории Тоҷикистон дар ин самти муҳим дар ояндаи наздик боз ҳам васеъ мегардад.
Моро зарур аст, ки барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, дониш ва таҳкими иқтидори давлатҳо дар мубориза бо терроризм мувофиқи механизмҳои мавҷуда ҳамкории зич дошта бошем.
Бо орзуҳои беҳтарин ба ҳамаи иштирокдорони конфронс дар ёфтани роҳҳалҳо ҷиҳати расидан ба ҷаҳони озод аз терроризму ифротгароӣ, бори дигар аз ташрифи шумо ба Тоҷикистон изҳори сипос менамоям.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!
Манбаъ: Сомонаи Президенти ҶТ.