Корҳои бартараф намудани паёмадҳои ҳамлаи низомии Қирғизистон дар ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафурови идома доранд

Дар ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд корҳои барқароркунии харобаҳои бархӯрди низомӣ, бунёди хонаҳои нав барои сокиноне, ки манзили истиқоматиашон комилан харобу валангор шуда буд, ба шиддат идома дорад. Бо усули ҳашари дастҷамъӣ қаламрави деҳаҳои зарардида тоза карда шуданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои комилан бартараф кардани паёмадҳои зарари расида ба аҳолӣ талош дорад ва бояд ҳамаи корҳои ободонӣ вабунёди манзилҳои нав барои сокинон то моҳи ноябр ба анҷом расад.  

Тавре пештар ҳам хабар дода будем, бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар яке аз оилаҳои манзили зисташон пурра ё қисман зарардида масолеҳи сохтмон ва маводи ғизоӣ дастрас карда шуд.

Кумаки Президенти мамлакат барои дастгирии сокинони деҳоти Чоркӯҳ, Лаккон, Чилгазӣ, Кулканд, Зумрад, Сурх, Ворухи шаҳри Исфара ва деҳоти Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷудо шуда буд.

барчасп: