Ҳушдори КҲФ аз ҳавои номусоиди чанд рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки аз 18-ум то 20-уми октябри соли 2022 дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Шамолҳои сахт, борон дар водиҳо ва дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, ҳамчунин сард шудани қисмати болоии хок аз ҷумлаи ҳамин ноҷӯриҳои табиатанд.

Дар ҳамин иртибот Кумита ба аҳолӣ муроҷиат мекунад, ки барои ҷамъоварии ҳосили боқимонда шитоб кунанд, то сардиҳо ба маҳсулоти ҳанӯз дар заминҳо хобидаи кишоварзӣ таъсир нарасонанд. 

Ба соҳаи чорвопарварӣ диққати бештар бояд дод, ҳангоми чорвочаронӣ дар минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ бояд хеле эҳтиёткор буд.

Кумита ҳамчунин аз касоне, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ зиндагонӣ мекунанд, хоҳиш менамояд хеле эҳтиёткор бошанд, дар чунин рӯзҳо ҳагиз  маслиҳат нест, ки кӯдакону наврасонро барои ҷамъоварии ҳезум ва алаф, чорвочаронӣ ва анҷоми корҳои дигари саҳро равона созанд. Ҳамчунин хоҳиш мекунад, ғами саломатии худро низ хӯранд ва либоси гарм пӯшанд, то гирифтори ҳар гуна бемориҳои назири сармохӯрдагӣ нагарданд.

КҲФ ҳамчуни н аз ронандагон хоҳиш мекунад мушкилоти роҳҳои кӯҳиро дар оғози фасли сард ба хотир оранд. Ҳавои сарду боронӣ метавонад ба гардишу ҳаракати мошини шумо мушкил эҷод кунад. Аз ин рӯ, қабл аз сафар мошинҳои худро ҷиддан аз назар гузаронед.

Риояи қоидаҳои бехатарӣ дар роҳҳо ҳам барои мусофирон ва ҳам барои ронандагон гарави аслии амният аст.

барчасп: