Аз хабарҳои дирӯз. Садамаи мошин дар Айнӣ, сӯхтор дар Барчиди Шуғнон ва зоҳир шудани як ҷасад дар соҳили Фон

Садамаи мошин дар Айнӣ

Аз рӯйдодҳои шабонарӯзи гузашта, ки Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад: садамаи мошин, ки боиси ҳалокати одамон шуд, сӯхтор ва кашфи як ҷасад дар соҳили дарёи Фон.

16-уми октябри соли равон, соати 13:25 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар бораи сӯхтор дар деҳаи Барчиди ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнони ВМКБ хабар дода шуд. Дар натиҷаи ин сӯхтор манзили се сокини деҳа зарар дидааст. Бо талоши Хадамти сӯхторнишонии ВКД ин оташсӯзӣ хомӯш карда шуд. Талафоти ҷонӣ нест. Ҳаҷми зарари расида муайян карда мешавад. 

******     *****     *****

 Бар асари садамаи мошин дар роҳи Душанбе-Хуҷанд, ки дар наздикии шаҳраки Зарафшон ноҳияи Айнии вилояти Суғд рух дод, як мусофири мошин бенишон ғайб зад.

 Мошини тамғаи  “Opel Astra”, ки аз ҷониби сокини 26-солаи ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷекат идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Панҷекат ба самти пойтахти кишвар ба дарёи Фон сарозер шуд. 

Дар натиҷаи ин ҳодиса як мусофири мошин ва ронандаи он ва сокини ҷамоати Шинг дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Ду мусофири дигар, ки яке 63 сол дошт ва дуюмӣ 22 сола буд, бо захмҳои гуногун ба бемористон интиқол дода шуданд.

Дар ин ҳодиса мусофири дигари мошин, ки низ 22 сол доштааст, нопадид шуд. 

Наҷотдиҳандагони КҲФ дар гурӯҳи навоҳии минтақаи Зарафшон ба ҷойи ҳодиса расида, ҷасади ҳалокшудагон ва захмиёнро аз об берун оварданд. Ҷустуҷӯи шахси нопадидшуда идома дорад.   

******     *****     *****

Бино ба хабари сардори шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Айнӣ 16-уми октябри соли 2022 соати 17:10 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар соҳили дарёи Фон, дар километри 124 роҳи Душанбе-Хуҷанд, дар наздикии деҳаи Кумарги ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ ҷасади шахси номаълуме зоҳир шуд.

Имдодгарон бо истифода аз таҷҳизоти кӯҳгардӣ аз боло поин шуданд ва ҷасадро боло оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ташхис супурданд.

Маълум шуд, ки ӯ як сокини шаҳри Исфараи вилояти Суғд буда, 22 сол доштааст.

Номбурда дар як садамаи мошин дар таърихи 31 август дар наздикии деҳаи Чоре ба ҳалокат расида буд. Ҳамчуноне хабар дода будем, он замон ҷасадро якҷо бо мошин маҷрои об бурда буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон  хоҳиш мекунад дар сурати рӯй додани ин ё он ҳолати фавқулода бо телефонҳои:

112;
223
13 11;
93 880 28 19
хабар диҳанд
!

барчасп: