Ҷаласаи коршиносони кишварҳои минтақа дар ҳошияи Форуми минтақавии сарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ

5 октябри соли 2022 дар ҳошияи Форуми минтақавии ҷаласаи сарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки қарор аст рӯзи 6-уми октяб оғоз ба кор кунад, таҳлилгарони ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои минтақа якҷо бо коршиносони байналмилалӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ, муассисаҳои илмӣ ҷаласа доир карданд ва дар он баъзе пешниҳодҳои бунёдиро мувофақа карданд ва мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ғайр аз ин коршиносон ташаббусҳо, барномаҳо ва лоиҳаҳоеро, ки ба рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳолатҳои фавқулодда нигаронида шудаанд, баррасӣ намуданд.

Коршиносон масъалаҳоро оид ба вазифаҳо ва муайян кардани амалҳо дар самтҳои афзалиятноки Нақшаи тадбирҳои амалӣ (харитаи роҳ) оид ба татбиқи Стратегияи рушди ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи коҳиши хатари офатҳои табииро низ баррасӣ намуданд.

барчасп: