Ҷасади зани ҷавоне, ки дар Сорбоғ худкушӣ карда буд, пайдо шуд

Аз ноҳияи Рашт гузориш расид, ки волидони Маҳинбону Ҳафизоваи 23-сола, ки рӯзи 6-уми августи соли равон худро дар оби дарёи Сорбоғ ғарқ карда буд, ҷасади духтарашонро 5 км поинтари деҳаи Поҷеи Боло пайдо кардаанд.

Гуфтанист, ки Маҳинабону рӯзи 6-уми августи соли равон баъди як муноқиша бо шавҳар ва хушдоманаш даст ба худкушӣ зада буд. Дар пайи ин ҳодиса мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шавҳари ӯ Султони Абдувоҳидро боздошт карданд ва барои ба худкушӣ расондани ҳамсар парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

****   ****   ****

Бино ба маълумоти шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кулоби вилояти Хатлон рӯзи 23-уми августи соли равон як духтари 7-сола дар об ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Ин духтарча аз беназоратии волидон дар канали Шохаи чапи ЛР-22 ғарқ шудааст.

Худи ҳамон рӯз ҷасади ӯро 700 метр поинтар аз маҳалли ҳодиса пайдо ва ба волидонаш супурданд.

барчасп: