( Ба рӯзи наҷотбахшон )
Аз офати ниҳонӣ
Пур аст зиндагонӣ.
Гаҳ тарма ояд аз кӯҳ,
Гаҳ сел ногаҳонӣ.
***
Бо сад паёмади бад,
Гоҳе замин биҷунбад,
Гаҳ тундбоди саркаш
Дару тиреза кӯбад.
***
Вақте хатар биёяд
Бо сад зарар биёяд.
Даруни хона будан
Ҳаргиз туро нашояд.
***
Бояд зи дар бароӣ
Кӯмак ба худ намоӣ.
Чун ёбӣ ҷои бехавф
Бояд ба он ҷо оӣ.
***
Бояд ба худ бигирӣ.
Борхалтаи зарурӣ
Бо ҳуҷҷати даркорӣ,
Хӯроку доруворӣ.
***
Эй дӯстон, бихонед,
Қоидаро бидонед.
То ин ки ҷони худро
Андар хатар намонед.