Хуршед наҷотдиҳанда аст. Ў аз соли 2008 то ин ҷониб дар Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода кор мекунад. Ба касбаш дил баст ва фаҳмид, ки ба ин касб касоне содиқ мемонанд, ки дилашон ба мардум сўзад. Касоне буданд, ки пас аз 2 сол ё 5 сол кор кардан аз Кумита рафтанд, чун фаҳмиданд, ки ин ҷои онҳо нест. Ман ҳам ба муддати соле аз фаъолиятам дур шудам, тағйири касб намудам. Аммо дидам, ки бе ин корам наметавонам. Аз Кумита ҳам занг заданд, ки биё ҷоят холист, чун медонистанд, ки корамро дўст медорам ва дилам кашони он аст.
Хуршед хотироташро аз фаъолияташ, ки хеле меҳр баст ба он варақгардон намуд:
Зане занг зад, ки биёед дарам маҳкам шудаст. Шавҳараш пас аз зодрўз хобаш бурда буду он рўз ба кор нарафт. Зан аз хона баромаду дид, ки дараш маҳкам шудааст. Вақте бо либосҳои корӣ тавасути банд аз тирезаи хонааш даромадам, мард ҳам бедор шуда буду маро дида, ҳайрон шуд, бо ханда ёд меорад Хуршед.
Мард пурсид ту кистӣ? Гуфтам наҷотдиҳанда, мегўяд Хуршед.
- Ин тавр бошад, биё зодрўзамро ҷашн мегирем, гуфт.
Гуфтам ба ман мумкин нест, дар вазифаам. Гуфтам ҳамсаратон дар берун мунтазир аст, дарро кушоед.
Вақте Хуршед иброз намуд, ки ў касбашро не, касбаш ўро интихоб намудааст, шакке надоштам ба ин ҳарфаш. Чун бо муҳҳаббату шавқ аз касбаш қисса мекард. Ҳолатҳои гуногуни корашро бо ҳарорату ҳавсала нақл мекарду ман ҳавас мехўрдам. Ҳис мешуд корашро сахт дўст доштааст ва бе он наметавонад зиндагӣ кунад. Ин буд, ки пурсидам ҳатман «раҳмат» мешунавед аз мардум, ки кўмакашон мекунед ё наҷоташон медиҳед?
Пас аз андешаи кўтоҳ ҷавоб дод ман барои «раҳмат» кор намекунам. Хоҳиши кўмак намудан ба касе бузургтар аз ҳама «ташаккур»-ҳост. Дар касби мо меъёри асосӣ хоҳиши сахти кўмаку наҷот додани одамон аст, ки ҷои онро на миннатдорӣ мегирад, на пул, на маоши баланд. Кори мо аз се самт иборат аст: ҷустуҷў, наҷот ва кўмак.
- Пас ҳатман шунидани суханони зишту носазоро ҳам шоҳид будед аз касоне, ки ба хидматашон шитофтед, чун табиати одамӣ ҳамин аст, баъзан ба ҷои сипосгузорӣ бад ҳа мегўянд?
- Бе ин намешавад, гуфт Хуршед. Одамон маҷбур мешаванд, ки ба мо муроҷиат кунанд. Ва онҳоро фаҳмиданд мумкин аст. Ҳолатҳое буданд, ки онҳо наздиконашонро аз даст дода буданд ва эҳсоси худро назорат карда натавонистанд. Баъд меомаданду маъзарат мехостанд. Мо онҳоро дарк мекунем. Аз ин хотир таъкид кардам, ки дар касби мо одамони аз нигоҳи равонӣ устувор кор карда метавонанд. Касоне, ки худро идора карда наметавонанд, буданд, ки тарки кор намуданд.
Хуршед рӯзҳои аввали ба кор омаданашро ба ёд меорад. Як дўстам дар Кумита кор мекард. Маро ба кор даъват намуд. То ин вақт аз мавҷудияти чунин сохторе хабар надоштам, аниқтараш медидам, вале намедонистам. Як сол кор кардам, чизе нафаҳмидам. Бо мурури замон ин касб бароям ҷолиб намуд. Дар корҳои дигар мумкин аст одам зиқ шавад. Касби мо намегузорад зиқ шавем. Ҳатто ба зеҳнат намерасад, ки зиқ шавӣ.
Ҳангоми суҳбат чунон бо шавқ аз кораш ҳикоят мекард, ки сухан намеёфт эҳсосашро бо сухан баён намояд. Хуршед ҳақ ба ҷониб аст, дар зиндагӣ хеле чизҳое ҳаст, ки кас наметавонад онҳоро шарҳ диҳад. Мисли ҳамин дўст доштан. Дўст медорӣ, вале намедонӣ чаро. Яъне шарҳе даркор нест, кори дил аст. Эй кош ҳама ё ҳадди аққал нисфи одамон ба корашон ишқ меварзиданд.
Аз ӯ суол мекунам: пас оё мехоҳед касе аз наздиконатон касбатонро идома диҳад?
- Мехостам, шумори наҷотдиҳандагон аз ҳсиоби наздиконам афзояд, аммо масъалае ҳаст: онҳоро маҷбур карда наметавонам, (табассум мекунад).
Ў аз касбаш розист ва аз роҳбарияти Кумита барои шароит фароҳам овардану техникаҳои муосиру зурурӣ ва таҷҳизоти навро дастрас карданаш изҳори ташаккур намуд ва гуфт дар аввал мо аз нарасидани баъзе аз таҷҳизот ва техникаи наҷот камбуд доштем, яъне буд, аммо камтар. Ҳоло сипос ба роҳбари Кумитаи ҳолтаҳои фавқуллода мо техникаҳои наву замонавӣ дорем. Бисёр наҷотдиҳандагон мисли собиқ азоб намекашанд. Медонанд, ки техника ҳаст, техника корро иҷро мекунад.
Аммо техникаро ҳам одам идора мекунанд, техника бошаду забонашро надонӣ, боз ҳам касеву чизе нестӣ. Яъне имдодагрон пайваста дар омӯзишанд. Гоҳ шеваҳои наҷоти инсонҳоро дар ҳар ҳолати фавқулода меомӯзанд ва гоҳи дигар кор бо техникаи наҷотро.
Мо суҳбати тӯлонӣ доштем, шояд замоне расад, ки баъзе нукоти дигар аз суҳбатро ҳам рӯи коғаз орам. Вале ҳоло фурсат танҳо ба ҳамин расид.
Имрӯз наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иди касбӣ доранд. Хуршед ва садҳо нафар ҳампешагону ҳаммаслаконашро муборакбод мекунам ва барояшон тансиҳативу осоиши рӯзгор ва комёбиҳо дар корашон орзу мекунам!
Раҳима Бобоева, журналист.