Ду нафар дар ноҳияи Зафаробод бар асари заҳролуд шудан бо гази оксиди карбон ба ҳалокат расидаву як нафар дар ҳоли беҳушӣ ба бемористон интиқол дода шудааст. Аммо духтурон мегӯянд ҳоли ӯ низ чандон хуб нест.
Ин ҳодиса дирӯз, 16-уми август тахминан соати 18:50 дақиқа рух додааст. Бино ба гузориши навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар системаи қубурҳои интиқоли оби ташнобҳо садама рух додааст ва ин се нафар барои бартараф намудани паёмадҳои он вориди чоҳ шудаанд.
Манбаъ мегӯяд ба муҷарради ворид шудан ҳар се шадидан аз партоби гази оксиди карбон заҳролуд шудаанд. Ду нафар дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, як нафари дигар дар ҳоли беҳушӣ аз чоҳ берун оварда шуда ва ба беморхона интиқол дода шудааст.
Сабаби ҳодиса дақиқ нест, эҳтимол меравад ин се корманд бе либоси махсус ва омодагии қаблӣ ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ба ин фоҷеа рӯбарӯ шуда бошанд.
Бино ба иттилои расида яке аз ҳалокшудагон 38 ва дуюмӣ 46 сол дошта, аввали сокини кӯчаи Н.Зарифов ва дуюмӣ истиқоматкунандаи кӯчаи Айнии шаҳраки Зафаробод будаанд. Ҳарду оиладор ва соҳиби фарзандон.
Сеюмӣ, ки ҳамоно дар бемористон бистарист ва табибон ҳоли ӯро низ вазнин арзёбӣ мекунанд, низ сокини кӯчаи айнии шаҳраки Зафаробод будаааст.
Сабаби рӯйдод таҳқиқ мешавад.