Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 9-10 августи соли 2022 дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии ҷумҳурӣ, (ба истинои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) эҳтимоли омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад.
Дар ҳамин иртибот Кумита аз шаҳрвандони хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор бошанд ва худро аз қабл ба ҳар гуна ҳодисаҳо омода намоянд.
Барои пешгирӣ аз харобиҳои сел пешакӣ ҷӯйборҳо, каналҳо, селроҳаҳоро аз ҳар гуна монеъаҳо пок созанд.
Кумита ба ронандагон муроҷиат мекунад, ки ҳангоми сафарҳо дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд. Бахусус ҳангоми сафарҳо фосила миёни мошинҳоро риоя кунанд ва аз ҳар гуна рухдодҳои ногаҳонӣ ва осебрасон пешгирӣ намоянд.