Боз як бино барои осебдидагони эҳтимолии офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Файзобод ба истифода омода шуд

Ҳафтаи гузашта ҷонишини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник И.Иброҳимзода дар маросими ифтитоҳи паноҳгоҳи дигаре барои осебдидагони офатҳои табиӣ, ки дар қаламрави манотиқи осебпазири ноҳияҳои Рашт ва Файзобод сохта шудаанд, ширкат намуд.

Сохтмони ин бино бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Беҳсозии маҷмӯии саломатӣ ва муҳити зист (IHHI III)» бо дастгирии Агентии Швейтсария оид ба ҳамкориҳо дар Тоҷикистон, ҳамчунин бахши Агентии Оғохон оид ба муҳити зист ва Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳо дар Тоҷикистон сурат гирифт.

Ҷонишини Раиси КҲФ полковник И.Иброҳимзода ба шарикон, аз ҷумла ба Агентии Оғохон оид ба муҳити зист барои дастгирӣ ва мусоидат ҷиҳати бунёди чунин як бинои зарурӣ изҳори сипос намуд.

Дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳаи ёдшуда, ки аз ҷониби Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ маблағгузорӣ мешавад, дар минтақаи Рашт дар маҷмуъ чаҳор сарпаноҳ барои осебдидагони офатҳои табиӣ сохта шудааст.  

Ин паноҳгоҳ барои касонест, ки дар офатҳои табии эҳтимолӣ зарар дидаанд, хонаву кошнаи худ ва воситаҳои зиндагии худро аз даст додаанд ва қурбониёни офатҳо номида мешаванд.

Он барои 50 нафар пешбинӣ шуда, барои зиндагии муваққат бо ҳама таҷҳизоти ниёзи аввал таъмин мебошад. Инчунин, бино барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ (аз ҷумла маъюбон, пиронсолон, инчунин занону кӯдакон) дорои шароити мусоиди зист мебошад.

барчасп: