Ҳалокати ҷавони 18-солае, ки кӯҳ барои расмгирӣ рафта буд

Як ҷавони 18-сола, сокини деҳаи Падруди ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷекат, ки кӯҳи Тарҳ суратгирӣ рафта буд, аз беэҳтиётӣ сарнагун шудааст. Номбурда субҳи бармаҳали рӯзи 6-уми августи соли ҷорӣ, тахмина соати 05:0 аз хона баромадааст ва мехстаааст аксҳои манзаравӣ гирад.

Аз бенишон ғайб задани ӯ волидон ба ташвиш афтода, ба бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷекат муроҷиат кардаанд. 

Ҳамон рӯз, бегоҳи соати 21:40 дақиа дастаи зудамали Шуъба ба ҷойи ҳодиса сафарбар шудааст.

Имдодгарон ҷасади марҳумро рӯзи 7-уми август соати 10:00 дар масофаи тақрибан 200-300 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд.

Ҳодисае назири ин бори аввал ба қайд гирифта шудааст.

Шаҳрвандонро лозим меояд вақти ба кӯҳҳо боло шудан қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд.  

барчасп: