6 августи соли 2022 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати собиқадорон бо сарварии Раиси Шӯрои собиқадорони КҲФ Муқим Мирзоев мулоқот баргузор шуд.
Дар мулоқот собиқадори хизмат полковники мустаъфӣ Усмонов Искандар оид ба таърихи ташаккули мудофиаи гражданӣ ва идораи наҷоти кишвар суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки имрӯз КҲФ ба нишондиҳандаҳои баланд соҳиб шудааст ва яке аз сабабҳои он коллективи дӯсту тифоқ ва имдодгарони бомаҳорат аст, ки ҳар вақт омодаанд ба ёрӣ шитобанд.
Номбурда қайд кард, ки кормандони идораи наҷот ҳар рӯз дар иҷрои вазифаҳо барои наҷоти одамон ҷони худро зери хатар мегузоранд, ба онҳо дар ҳолатҳои душвор сари вақт ёрии касбӣ мерасонанд. «Начотдиҳандагон қаҳрамонони даврони моянд”,-гуфт ӯ.
Раиси Шӯрои собиқадорони КҲФ изҳори боварӣ намуд, ки масъулияти баланди шахсӣ ва маҳорати касбии кормандони Кумита минбаъд низ гарави амнияти мардуми кишвар аз ҳолатҳои фавқулодда хоҳад буд.