Кормандони Дастаи вокуниши сареъи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳангоми навбатдории дирӯза як дари бастаро боз карданд ва аз лифти харобшуда ду нафарро наҷот доданд.
Як сокини кӯчаи ба номи Алишери Навоии шаҳри Душанбе рӯзи 4-уми августи соли равон соати 12:05 дақиқа хабар дод, ки аз сабаби ногаҳонӣ баста шудани дар ва бекалид монданаш беруни дар наметавонад вориди манзили истиқоматиаш шавад.
Кормандони наҷоти Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расида, дари шаҳрвандро беосеб боз карданд.
Соати 14:03 дақиқа ба Қисми навбатдории Кумита хабар расид, ки дар лифти бисёрошёна воқеъ дар кӯчаи Хоразм 9 ду нафар дармондаанд. Гуфта мешуд, ки ин ду нафар замоне, ки дар лифт боло мешуданд, миёни ошёнаҳо лифт хароб шуд.
Дастаи имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе фаврӣ ба ҷойи ҳодиса расиданд ва баъди 15 дақиқа дари лифти харобшударо боз намуда, шаҳрвандонро берун оварданд.
Онҳо ниёз ба ёрии тиббӣ надоштанд.