4 – уми августи соли 2022 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноглу, бо иштироки намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалӣ ҷаласаи Гурӯҳи арзёбиҳои фаврӣ ва ҳамоҳангсозӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода (РЕАКТ) баргузор шуд.
Ҷаласаро ифтитоҳ намуда, сарвари Кумита гуфт: “Вазифаи асосии мо пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ мебошад ва дар ҳалли ин вазифаҳо гурӯҳи РЕАКТ нақши калидӣ дорад”.
Дар ҷаласа ба иштирокчиён оид ба ҳолатҳои фавқулоддае, ки дар қаламрави кишвари мо ба қайд гирифта шудаанд, маълумот дода шуд. Ҳаҷм ва навъҳои кумаке, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба аҳолии осебдида расонида шудааст ва нақши ҳамоҳангсози КҲФ дар вокуниш таъкид гардид.
Ба иштирокчиён оид ба омодагӣ ба мавсими обхезиҳои соли 2023 – минтақаҳои хатарнок ва чораҳои пешниҳодшудаи бартарафсозии оқибатҳои он пешниҳод карда шуд, инчунин нақшаи байниидоравии омодагӣ ва вокуниши РЕАКТ ба ҳодисаҳои эҳтимолии заминларза ва омодагӣ ба форум-ҷаласаи сарварони идораҳои наҷоти кишварҳои Осиёи Марказӣ муаррифӣ гардид.
Кумита пешниҳод намуд, ки барои роҳандозии корҳои соҳилбандӣ дар панҷ ноҳияи нисбатан осебпазири кишвар: Ашт, Панҷекат, Темурмалик, Хуросон ва Рӯдакӣ кумак кунанд.
Сарварони созмонҳои байналмилалӣ дар таҳкими ҳамкориҳои минбаъда назари ягона доштанд.
Дар поёни ҷаласа ширкаткунандагон самтҳои афзалиятноки корҳои минбаъдаи муштаракро оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ муайян намуданд.