Рӯйдодҳои рӯзи гузашта. Ҳалокати ҷавонмарде ҳангоми тоза кардани зарфи бузурги корхонаи ҶДММ “ҒАЛЛА” (ВИДЕО)

Ҳалокати ҷавонмард

Сел дар Ёрии Панҷекат, аз оби дарёи Сурхоб берун овардани ҷасади  ҷавони ғарқшуда ва ширкати имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бартараф намудани паёмадҳои як ҳодисаи марговар. Инҳо аз ҷумлаи чанд хабари рӯзи гузашта аст, ки муфассалтар шарҳ медиҳем.

Чунончӣ, 2-уми августи соли 2022 соати 18:20 бар асари боронҳои пуршиддат, вале кутоҳмуддат дар қаламрави деҳаи Миндонаи ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷекати вилояти Суғд сел омад.

Ин сел роҳи байни деҳаҳои ҷамоат ва замини наздиҳавлигии нуқтаи хидматрасонии тиббиро аз лою лойқаву сангу сангреза пур кард ва қисман зарар расонд. Дар айни замон барои бартараф намудани паёмадҳои офат ва муайян намудани заррари расида дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дорад. Барои рафъи оқибатҳо техникаи махсуси вазорати нақлиёт ҷалб шуда, корҳо дар ин самт индома доранд.

Ҳодиса талафоти ҷонӣ надошт.

Тибқи маълумоти сардори бахши Кумита дар ноҳияи Рашт рӯзи 2-уми августи соли равон тахминан соати 14:40 дақиқа як сокини 22-солаи шаҳраки Ғарми ноҳия худро ба оби Сурхоб андохтаву даст ба худкуштӣ задааст. Сабаби амали ин ҷавон маълум нест.  

Баъди роҳандозии корҳои наҷот имдодгарони КҲФ ҷасади ӯро 20 километр дуртар аз маҳалли ҳодиса, дар соҳили дарёи Сурхоб пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд.

Рӯзи гузашта, 3-уми август як сокини ҷамоати деҳоти Турдиеви ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми тоза намудани зарфи оҳании  корхонаи ҶДММ “ҒАЛЛА” воқеъ дар кӯчаи Зебуннисо-12 ноҳияи Шоҳмансур ба дохили он афтода, ба ҳалокат расидааст.

Ин зарфи оҳанӣ 20 метр баландӣ доштааст ва шаҳрванд ҳангоми тоза кардани он қоидаҳои бехатариро риоя накардааст ва дар дохили он сарозер шудааст.

Баъди дарёфти хабар Дастаи махсуси имдодгарони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Онҳо соати 16:13 дақиқа ҷасади ҷавонро аз дохили зарфи бузург берун оварданд ва ба намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

барчасп: