Иштироки ҳайати Тоҷикистон бо сарварии генерал Назарзода дар Иҷлоссияи ҳафтуми Платформаи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар Индонезия

Аз 24 то 27 – уми майи соли 2022 дар Индонезия Иҷлоссияи ҳафтуми Платформаи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо, ки Раёсати СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия баргузор карда буданд, баргузор шуд. Дар ин нишаст, ки ҳамчунин дар низоми онлайн низ роҳандозӣ шуд, беш аз 7 ҳазор нафар аз 92 кишвари  олам иштирок намуданд.

Дар Иҷлоссияи ҳафтуми Платформаи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо Президенти Индонезия ҷаноби Ҷоко Видодо, Ҷонишини Дабири кулли СММ хонум Амина Муҳаммад ва Намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо Мами Мизутори ширкат варзиданд.  

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода сарварӣ кард. Ба ин ҳайат кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Вазорати корҳои хориҷӣ низ шомил буданд.

Раиси КҲФ дар мавзӯъи “Таҳкими чораҳои коҳиши хатари офатҳо барои пешгирӣ аз вазъи фавқулодаи иқлимӣ” суханронӣ намуд.

Дар доираи иштирок дар кори иҷлосия Раиси КҲФ Рустам Назарзода бо вазирони ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Белорус мулоқотҳо доир намуд. Зимни вохӯриҳо иқдомҳои минбаъдаи татбиқи чорабиниҳои муштаракан тарҳрезишуда баррасӣ шуданд. 

Ҳамчунин, раиси Кумита бо Роҳбари Дафтари минтақавии Аврупо ва Осиёи Марказии Раёсати СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо ҷаноби  Октавиан Бивол, Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо хонум Мами Мизутори ва дабири кулли Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ хонум Нжупуо Яп Мариату мулоқотҳо доир намуд.

Дар ин вохӯриҳо масъалаҳои таъсиси Маркази миллии омодасозии наҷотдиҳандагон, Маркази ғаввосон дар шаҳри Норак, омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳо дар доираи ИНСАРАГ, инчунин масъалаҳои омодасозии ҷаласаи навбатии сарварони идораҳои наҷоти икшварҳои Осиёи Марказӣ, ки қарор аст моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

барчасп: