Ба марги ин се ноболиғ боз ҳам метавон волидони онҳоро гунаҳгор донист, ки беназорат гузоштаанд. Аз ин се ду нафарашон 14-сола буданд ва яке ҳамагӣ 2 сол дошт. Шумори ғарқи об шудани ноболиғон ҳамвора рӯ ба афзоиш аст. Аз аввали соли ҷорӣ то ба имрӯз ҳудудан 30 нафар ҳангоми оббозӣ аз беэҳтиётӣ ғарқ шудаанд.
Бино ба гузориши Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як сокини 14-солаи деҳаи Хоҷамуъмини ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ ҳангоми оббозӣ дар ҳавзи деҳа ғарқ шудааст.
Манбаъ мегӯяд ин ҳавзро сокинон барои обхӯрии ҳайвоноти хонагии худ сохта буданд.
Сокинон ҷасади ноболиғро аз об берун оварда ба волидонаш супурданд.
Сабаби фоҷеа беэҳтиётӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ гуфта шудааст.
****** **** *******
Аз ғарқи об шудани як сокини 14-солаи деҳаи Савдаи ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав дар канали калони Ҳисор низ гузориш дода мешавад. Ин ҳодиса рӯзи 20-уми май рух дода буд ва то ҳол ҷустуҷӯи ҷасади ноболиғ идома дошт.
Рӯзи гузашта подабони деҳаи Ҷанбули ҷамоати деҳоти Чуст ҷасади ӯро дар соҳили канал дидаву ба мақомот хабар додааст.
****** **** *******
Ғарқи об шудани Марями дусола, сокини деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Бӯронови шаҳри Ваҳдат хабари такондиҳанди рӯзи гузашта буд. Ин духтараки дусола аз беэҳтиётӣ дар канали назди манзили истиқоматиашон дар об сарозер шудааст.
Баъди дарёфти хабар ба ҷои ҳодиса афсарони бахши Кумита дар шаҳри Ваҳдат ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ҳамроҳ бо мақомоти дахлдор ва сокинони деҳа корҳои кофтуковиро ба роҳ монданд. Аммо ҷасади ӯро пайдо накарданд.
Корҳои ҷустуҷӯ аз субҳи имрӯз дубора шуруъ шуданд. Аз натиҷаи ин талошро хабар хоҳем дод.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинони кишвар муроҷиат мекунад, ки гарм шудани дамои ҳаво одамонро новобаста ба синну сол ба сӯи соҳили рӯду каналу ҳавзҳо тела медиҳад. Талош кунед фарзандонатонро беназорат нагузоред. Бахусус онҳое, ки шиноварӣ наметавонанд, ба ҷони худ ҷабр мекунанд.
Ин вазифаи калонсолон аст, ки пайваста онҳоро аз хатарҳои вориди об шудан огоҳ намоянд.