Бо фарорасии фасли гарми сол тараддуди кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ меафзояд. Ин фаслест, ки бештари мардумро ба соҳили обҳо мекашад. Мавсими оббозӣ шуруъ мешавад.
Ҳамасола дар ин мавсим рӯйдодҳои фоҷеавӣ низ зиёд иттифоқ меуфтанд. Аз ҷумла, ҷавонону наврасони зиёде аз надонистани қоидаҳои оббозӣ дар обҳо ғарқ мешаванд. Ва ё дониставу надониста дар ҷойҳои мамнуъ оббозӣ мекунанд, ки боиси рух додани ҳар гуна рӯйдодҳо мешавад.
Кормандони КҲФ дар чунин рӯзҳо беш аз ҳар вақти дигар серкор мешаванд. Онҳо илова ба он ки дар маконҳои серодам навбатдорӣ мекунанд, боз корҳои таблиғотиро ҳам ба роҳ мемонанд, то сокинонро аз паёмадҳои нохӯши шиноварӣ дар маконҳои мамнуъ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ огоҳ созанд.
Чунончӣ, кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ин шабу рӯз як сислсила мулоқот бо сокинонро, ки дар рӯзҳои истироҳат ба соҳили обҳо омада буданд, роҳандозӣ карданд.
Онҳо миёни мардум, ки аксарашон ҷавонон буданд, дар бораи зарарҳои надониста шиноварӣ кардан ҳарф заданд ва фаҳмонданд, ки бояд дар куҷо оббозӣ кард ва дар сурати пеш омадани ҳодисаи нохӯш чӣ бояд кард.
Ҳамзамон як даста варақаву китобчаҳои таблиғотиро низ тақсим намуданд.