Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21-уми майи соли равон бар асари боронҳои шадид ва резиши жола об ба як қатор ҳавливу роҳрав ва таҳхонаҳои манзилҳои истиқоматии шаҳрвандони ноҳияи Фирдавсӣ ворид шудааст.
Аз ҷумла, дар кўчаи Крупская - 2 оби борон ба таҳхонаи як сокини он ворид шудааст. Дар кӯчаи Фирдавсӣ таҳхонаи бинои 61-ро пур кардааст. Дар кӯчаи Сомон бошад оби борон ба таҳхонаи хонаҳои № 370, 371 ва 369 ворид шудаву зарар расондааст.
Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада гурӯҳҳои имдоди Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе сафарбар шуданд бо ҳамроҳ бо қувва ва воситаҳои сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ ҳолати баамаломадаро пурра бартараф намудаанд.
Соати 13:21 рӯзи 22-уми май кормандони Раёсат бо даъвати сокини кӯчаи Деҳи Боло, хонаи 248 авлии ӯро аз обу лойи бар асари борони шадид воридшуда тоза карданд.
Худи ҳамон рӯз ҳавлӣ ва таҳхонаи як сокини кӯчаи Арбобхотун №89-ро аз оби борону лою лойқа тоза намуданд.
Дар натиҷаи бориши зиёди борон сатҳи оби канали Чоряккорон баланд гардида, об аз канал берун шуда, дар рўбарўӣ Мактаби байналмилалии Президентӣ (шафати кўчаи Калелин) ба роҳи автомобилгард ҷорӣ шуд.
Инчунин, дар кўчаи Н.Махсум ҷуйборҳои бетонии шафати роҳҳои автомобилгард лабрез шуда, обҳои онҳо ба зери Эстокадаи маҳалли 82 ворид гардида, ба равуои мошинҳо монеъ шуд.
Ҳолатҳои баамаломада аз ҷониби Раёсати истифодабарии роҳҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино бартараф карда шуданд.
Ҳамзамон аз лабрези об шудани ҷӯйборҳо дар кӯчаҳо ба номи М.Турсунзода, Ш.Шоҳтемур, Ҳ. Назаров, Карамова, Меҳнат, Хиёбони Рудакӣ, Шевченко ва Қ.Раҳимов хабар расид, ки бо ёрии кормандон ва техникаиРаёсати истифодабарии роҳҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонӣ паёмадҳои он бартараф карда шуд.
Дар боронҳои шадид ва селҳои парешону жола талафоти ҷониву хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст.