Дар садамаи мошин дар Сарводаи Айнӣ ду нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳарду 18-сола ва сокини як деҳа буданд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ҳалокати ду нафар ва маҷруҳ гардидани як нафар дар як садама дар мавзеъи Сарводаи ноҳияи Айнӣ хабар дод. 

Бино ба ин гузориш мошини сабукрави тамғаи “Опел Астра”, ки ба як сокини 24-солаи деҳаи Рарзи ноҳияи Айнӣ мутааллиқ буд, ҳангоми ҳаракат ба самти маркази ноҳия ба дарёи Фон сарозер шуд. Ронанда ба зудӣ худро аз мошин берун ҳаво медиҳад ва бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ мешавад. Вале ду мософири он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.

Баъд дарёфти хабари садамаи мудҳиш рӯзи 21-уми май кормандони наҷоти бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар водии Зарафшони вилояти Суғд, ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, корҳои ҷустуҷӯиро ба роҳ монданд, вале натиҷа  надод.

Фавтидагон ҳарду 18-сола ва сокинони ҷамоати деҳоти Хушекати ноҳияи Айнӣ будаанд.

Сабаби садама маълум нест. Ба эҳтимоли зиёд баланд будани суръати ҳаракат ва аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда яке аз сабабҳои ин фоҷеа бошад. 

барчасп: