Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз пайдо кардани ҷасади як сокини 18-солаи деҳаи Шоҳони ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич хабар дод, ки рӯзи 20-уми майи соли равон дар рӯди Сир ғарқ шуда буд.
Бино ба хабар сабаби ғарқи об шудани ин ҷавони 18-сола маълум нест.
Ғаввосони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот ҷасади марҳумро соати 17:35 дақиқа пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Ҷараёни ҳодиса аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор таҳқиқ мешавад.