Як сокини 29-солаи деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим ба хотири наҷоти ҳамсари 25-солааш, ки бар асари муноқишаи оилавӣ худро ба дарёи Панҷ андохта буд, ба ҳалокат расидааст.
Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ин оилаи ҷавон соҳиби 3 фарзанд буданд. Сабаби муноқиша маълум нест.
Дар хабар гуфта мешавад, ки мард вақте ҳамсари ғарқи обашро мебинад, худро ба оби пурхурӯши рӯд ҳаво медиҳад ва ҳамсари даст ба худкушизадаро наҷот медиҳад, вале худ ба об ғарқ мешавад.
Ҷасади марҳумро сокинони деҳаи Вранги ҷамоати деҳоти Вранг аз дарёи Панҷ пайдо кардаву ба хешовандонаш супурданд.